Лилия Гумерова

Лилия Гумерова аз таъсиси технопаркҳои Русия дар Тоҷикистон хабар дод

Интизор меравад, ки филиалҳои паркҳои технологии Русия  дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёбанд. Дар ин бора раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои Федератсия Лилия Гумерова хабар додааст.

-Агар ҷавонон ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои илмию техникӣ шавқ дошта бошанд, дурнамои нек дорад”, — изҳор доштаст сенатор дар суҳбат бо шабакаи телевизионии «Вместе-РФ».

«Идеяи хеле ҷолиб, ба назари мо, таъсиси паркҳои технологии муштарак аст. Мо ҳамчунин дар бораи ифтитоҳи филиалҳои паркҳои технологии худ дар қаламрави Тоҷикистон сӯҳбат кардем», — гуфт Гумерова.

Вай таъкид намудаст, ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин намоянд.

Ҳамзамон, Гумерова дар бораи гуфтушуниде, ки дар доираи барномаи «Муаллими рус дар хориҷ» суҳбат кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло ташаббуси табодули омӯзгорон байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли омодагӣ аст.

Сенатор ёдовар шудааст, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилот бо забони русӣ ифтитоҳ шуда, тибқи стандартҳои Русия фаъолият мекунанд. шаҳру ноҳияи Тоҷикистон паркҳои технологӣ таъсис ёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *