Акмалҷон Сайфидинов раиси «Бонки Эсхата» таъин шуд

Акмалҷон Сайфидинов раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Райнер Мюллер-Ханкеро иваз кард.

Тавре ки Pressa.tj  иттилоъ ёфт, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Бонки Эсхата аз 2 июни соли ҷорӣ мувофиқи Қарори Шӯрои нозирон Акмалҷон Сайфидинов аз 1 июли соли 2023 раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» таъин карда шудааст.

Акмалҷон Сайфидинов зиёда аз 15 сол дар бахши бонкӣ таҷрибаи корӣ дошта, 12 солашро ба Бонки Эсхата бахшидааст. Ӯ кори худро ба ҳайси коршиноси қарзӣ оғоз намуда, то ба вазифаи сардори Департаменти хавфҳои бонкӣ ва аз соли 2018 ҳамчун аъзои раёсати Бонк фаъолият намудааст.

«Тӯли панҷ соли охир Акмалҷон Сайфидинов ҳамчун яке аз роҳбарони калидии Бонки Эсхата дар ташаккули низоми идоракунии хавфҳои бонкӣ, татбиқи стратегия ва раванди табдилдиҳии Бонки Эсхата саҳми босазо гузоштааст»,- иттилоъ доданд аз Бонки Эсхата.

Гуфта мешавад, ки Сайфидинов мутахассиси баландихтисоси соҳаи бонкӣ буда, соҳиби дараҷаи  магистри идоракунии тиҷорат (MBA) аз рӯи ихтисоси “Инжиниринги молиявӣ”  аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *