Аз таҳти дил бихандед!
Барои чизу чорааш
Мардеро, ки ҳамсараш аз хона баромада рафта буд, пурсиданд:
– Занат баргашта меомада бошад?
Гуфт:
– Ҳатман меояд.
Гуфтанд:
– Барои зистан?
Гуфт:
– Э, не! Барои бурдани чизу чорааш.
Ёрӣ
Марде назди ҷасаде лолу ҳайрон меистод. Роҳгузаре аз ў пурсид:
– Чӣ гап?
Гуфт:
– Табиб ба ў ёрии аввалин расонд.
Гуфт:
– Хўш, чӣ тур?
Гуфт:
– Ва он ёрии охирин гашт.
Манфиат
– Духтурҷон, росташро гӯед, ҳамин алафҳое, ки шумо дору гуфта мефурӯшед, ягон манфиат меоранд?
– Набошад-чӣ! Масалан, як ҳафта қабл ба писарам охирин тамғаи мошини хориҷиро харидам, барои духтарам бошад, роҳхат ба Париж…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ