Беш аз 23 миллион қарзи мушкилситони андоз дар Хуросон (аудио)

Қарзи мушкилситони андоз дар ноҳияи Хуросон 23 миллиону 563 ҳазор сомонӣ будааст. Ин қарз асосан ба ҳафт ҷамъият тааллуқ доштааст.

Сулҳиёр Шоҳимардонов, сармутахассиси бахши ситонидани қарзи андози Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки ин қарз дар асоси санҷиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шудааст.

Ӯ мегӯяд, ҷамъиятҳое, ки дар рӯйхати қарзи мушкилситонанд, имрӯз фаъолият намекунанд. Ба таъкиди вай, 23 миллиону 563 ҳазор сомонӣ қарзи мушкилситони андоз ба ҶДММ “Шарифӣ 2013”, ҶДММ “Муҳиддин”, ҶДММ “Беҳ сохтмон 11”, ҶДММ ”Хайём 2013”, ҶДММ “Мумин саноат пахта”, ҶДММ “Ваҳобҷон” ва ҶДММ “Шаҳром Хуросон” тааллуқ дорад. “Аз ҳамин ҳафт ҷамъият се ададаш аз як нафар аст”,- афзуд ӯ ва илова кард, ки “ҳоло ӯ дар ҳабс аст”.

— Рӯёнидани қарзи мушкилситони андоз душвор аст. Ба он хотир, ки фаъолият намекунанд. Роҳбари баъзеаш дар хориҷи кишвар аст ва баъзеи дигар дар маҳбас мебошанд. Мо бо ин ҷамъиятҳо кор карда истодаем. Аммо аз ҳисоби напардохтани қарз сол то сол фоизи қарз зиёд мешавад,- афзуд мавсуф.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *