Песков: Матлаби Sun дар бораи сӯйиқасд ба Путин асос надорад (аудио)

— Матлаби Sun-и бритониёӣ, ки гӯё рӯзи чоршанбе дар Маскав нисбати президенти Русия Владимир Путин сӯйиқасд сурат гирифтааст, асос надорад,- хабар додааст ба РИА “Новости” сухангӯ Дмитрий Песков.

Sun навиштааст, ки гӯё рӯзи чоршанбе дар пойтахт нисбати президенти Русия сӯйиқасл ба миён омадааст, аммо дар шарҳи ин суол, ки оё ин хабар асос дорад, Песков посухи манфӣ додааст. “Не”,- гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, ки Путин субҳи барвақти рӯзи панҷшанбе ба Самарқанд парвоз карда, онҷо як қатор вохӯриҳои дуҷониба, аз ҷумла бо раҳбари Чин гузаронидаву қарор аст имрӯз, 16-уми сентябр дар доираи саммити СҲШ бо президенти Туркия ва сарвазири Ҳиндустон мулоқот анҷом диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *