Бохтар: Барои Бобоҷон Ғафуров ҷойи муносиб ёфт нашуд?

Дар шаҳри Бохтар ҳайкали Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуровро дар ҷойи назарногир, дар саҳни як коргоҳи дӯзандагӣ ҷой додаанд, ки муносиб ба ин шахсияти таърихӣ нест. Бисёре аз сокинони шаҳр аз ин тасмими мақомот норозӣ ҳастанд.

Наход дар як шаҳри калон ҳайкали устод Бобоҷон Ғафуров ҷойи муносиб наёфта бошад? Аз муовини раиси шаҳр дар ин маврид пурсон шудем. Номбурда гуфт, ки ин тасмими қаблан гирифташуда буд.

Чанд сол қабл ҳайкали Бобоҷон Ғафуровро дар дасташ китоби “Тоҷикон” дар паҳлуи ҳукумати шаҳр гузошта буданд, вале симои он ба чеҳраи устод монандӣ надошт. Барои ҳамин он ҳайкалро тахриб карда, ба ҷояш ҳайкали нав сохтанд. Ин тасмим сокинони шаҳри Бохтарро хурсанд кард, вале вақте онро дар ҷойи назарногир гузоштанд, димоғи аксарият сӯхт.

Дар партави аз ҷониби пешвои миллат туҳфа шудани “Тоҷикон” ба ҳар як хонадон, агар ҳайкали Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи арзандаи шаҳр гузошта шавад, нуран алонур мешавад.

А. САЪДУЛЛОЕВ, шаҳри Бохтар

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.