Бохтар: Оғози фаъолияти сардори нав. Нусратулло Ҳақназаров кист?

Нусратулло Ҳақназаров сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” таъин шуд. Ӯ то ин замон сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ буд.

Нусратулло Ҳақназаров соли 1988 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ соли 2006 муассисаи таълимии рақами 18-и ноҳияи Панҷро хатм карда, ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Соли 2011 донишгоҳро хатм мекунад. Дубора ба факултаи ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳ дохил шуда, соли 2013 таҳсилро ба охир мерасонад.

Фаъолиятро соли 2011 аз роҳбари хоҷагии деҳқонии “Одина”-и ноҳияи Панҷ оғоз мекунад. Солҳои 2016-2017 роҳбари Хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳияи Панҷ буд. Аз ноябри соли 2017 то соли 2021 дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Нури ваҳдат фаъолият кардааст. Аз моҳи майи соли 2021 то 10-уми декабри соли 2022 сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ буд.

Чанд рӯзи пеш Нусратулло Ҳақназаров сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар”-и вилояти Хатлон таъин шудааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *