Боздошти 7 талбанда бо гумони дуздӣ дар Левакант
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз боздошти 7 нафар дар шаҳри Левакант хабар дод, ки ба дуздӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, гумонбарон ҳангоми талбандагӣ аз набудани соҳибони хона истифода бурда, даст ба ҷиноят мезадаанд.
Кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Левакант ду ҳолати дуздиро, ки аз ҷониби гурӯҳи иборат аз 7 нафар содир шудааст, ошкор намуданд.
Гумонбарон Ҳиҷрона Холоева, Нигора Юлдошова, Марҷона Шарипова, Лутфия Эрниёзова, Марҷона Тоштемурова, Саломат Шомадова ва ноболиғ Ю.Б., сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ мебошанд.
Тавре гуфта мешавад, онҳо 8 май барои талбандагӣ ба шаҳри Левакант омада, ба манзили истиқоматии Савринисо Худойназарова ва Шарофат Ғоибова ворид шудаанд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, маблағ ва ҷавоҳироти тиллову нуқраи соҳибони хонаро тасарруф кардаанд.
Дар натиҷаи чораҳои фаврӣ гумонбарон дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шуданд.
Феълан нисбати боздоштшудагон бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ