Боздошти марди 33-сола бо гумони дуздии маблағи калон

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз боздошти марди 33-солае хабар додаанд, ки ба дуздии маблағи калон гумонбар мешавад. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, “Саъдуллоев Муҳаммад, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Бохтар, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр шаби 16-уми феврали соли 2023, тахминан соатҳои 20:00 — 21:00 ба назди манзили истиқоматии шаҳрванд Раҳимов Нурмуҳаммад, сокини ҷамоати шаҳраки А. Ҷомии ноҳияи А. Ҷомӣ, ки бародари ҳамсараш мебошад, рафта, аз набудани атрофиён истифода намуда, бо калид дари манзили истиқоматиро кушода, ғайриқонунӣ вориди он мегардад. Номбурда як адад ҷевони оҳанинро, ки дар дохилаш маблағҳои пулӣ 175 000 сомонӣ, 227 00 рубли русӣ, 500 доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки бо ин кирдори ҷинояткоронааш ба шаҳрванд 221 ҳазору 441 сомонӣ зарари ҷиддӣ мерасонад”.

Нисбати Саъдуллоев Муҳаммад бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва мақомот тафтишотро идома медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *