Хотираҳои санъаткорон дар бораи Баҳром Ғафурӣ

Ютубканали “BG Company” навори даҳдақиқагиеро нашр кард, ки аз хотираҳои дӯстону ҳамкорон доир ба кору шахсияти овозхони марҳум Баҳром Ғафурӣ қисса мекунанд.

Аз ҷумла дар аввали навор Валиҷон Азизов чунин мегӯяд:

— Бо шодравон Баҳром Ғафурӣ соли 2003 аввалин маротиба дар роҳ ҳангоми харидани сӯзишворӣ вохӯрдем. Самимӣ, чеҳракушод ва инсондӯст буд. Ӯ ҳамеша дар дили мост.

Ҳамчунин, овозхони маъруф Зулайхо Маҳмадшоева ҳам аз Баҳром Ғафурӣ ёд карда, қисса мекунад:

— Тавре мегӯянд, дӯстро дар сафар мешиносӣ, ман ҳам бо шодравон Баҳромҷон сафарҳои зиёд доштем ва борҳо шоҳиди самимияту меҳрубониаш шудам. Мутаассифона, зиндагӣ номардӣ карду ӯро аз мо гирифт, вале марҳум ҳамеша дар қалби мост.

Дар ростои хотираҳои ҳамкорон лавҳаи қисса намудаи Нобовар Чаноров аз дигарҳо фарқ дошт. Фарқ бо он ки аз рӯзи охири ҳаёташ нақл мекунад.

— Мо бо Баҳром Ғафурӣ хотираҳои зиёд доштем, зеро дӯстии хонаводагӣ доштем. Шаби охири аз ин дунё рафтанаш мо ҳарду дар тарабхонаи “Яккачанор” дар хизмати мардум будем. Чун ҳардуямон ҳам вақти кам доштем, танҳо салому алейк карда, аз пушти кор шудем. Он шаб маро хоб набурд ва аз “Фейсбук” фаҳмидам, ки ӯ моро тарк кард. Баҳром ҳамеша дар ёди мост ва Худо кунад, ки руҳаш шод бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *