Боздошти “Мулло Аҳмад” дар Қубодиён
Дар ноҳияи Қубодиён Панжӣ Хушматов фолбине бо лақаби “Мулло Аҳмад” дастгир шудааст. Ӯ аз чанд китоби марбут ба сеҳру ҷоду истифода мекардааст.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум карда шуд, ки Хушматов Панжӣ Рузиевич, бо лақаби “Мулло Аҳмад”, соли таваллудаш 1950, сокини ҷамоати шаҳраки Қубодиён дар манзили истиқоматии хеш бо истифода аз китобҳои марбут ба сеҳру ҷоду ба фолбинӣ ва сеҳргарӣ машғул аст. Мутаассифона, ӯ ин амали нангинро пешаи худ қарор дода, онро василаи ба даст овардани фоидаи муфт табдил додааст”.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, бо вуҷуди таъкидҳои ҳамешагӣ ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки ба ин қаллобон бовар карда, аз ин тоифа дармони дард ва ҳали мушкилот меҷӯянд.
Феълан нисбати номбурда бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб ва ба Суд ирсол карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ