Дӯстӣ: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз пахтазори ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу”

Имрӯз, 16-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, дар ин ноҳия, ки самти асосии фаъолияти сокинонаш кишоварзӣ аст, нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нури Вахш аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” боздид ба амал оварда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид дод. 

Гуфта мешавад, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 365 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт намудаанд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 40-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард. Дар заминҳои ҷамъият кишти пахта аввали моҳи март бо усули зери плёнка сурат гирифта, то имрӯз ба хотири рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ду маротиба озуқа, яъне нуриҳои минералӣ дода шудааст. Ҳамчунин, бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ байни қаторҳо пурра коркард карда шуда, хоҷагидорон ният доранд, ки имсол то 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Соли гузашта кишоварзони ҷамъияти мазкур аз ҳамин масоҳат қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.

— Дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ дар оянда боз 500 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.