Буд набуд, лампаи каммасраф буд…

Гуноҳи соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва мардум дар чист?

Буд набуд, лампаи каммасраф буд. Камбағалон доира мезаданд, ки бо пули ночиз аз нури “иличӣ” баҳра мебардоранд. Одат ҳам карда буданд. Мағзҳо ҳам аз лампаҳои каммасраф пур шуданд. Соҳибкорони бечора ҳам бо қарзи бонк лампа ворид карданд. Истеҳсолу воридоти лампаҳо ба низом даромад.

Фармон дар бораи таъсис додани партовгоҳҳо ва ҷойҳои нобудсозии лампаҳои корношоям ҳам баромад. Аммо фармон дар рӯи коғаз боқӣ монд. Касе напурсид, ки чаро фармон ҳасту иҷроиш нест. Намепурсанд ҳам. Ин ҷо чароҳои зиёд ҳаст, ки мардум аз гуфтан метарсанд. Чунки ҳама ба маҷрои дарё бел мезананд. Қанда хӯру муқобили маҷрои дарё бел зан. Хулласи калом, баъд аз 12 сол замин кафиду қарори дигар баромад. “Нест бод лампаҳои каммасраф!”, “Лампаҳои каммасраф муҳити зистро хароб мекунанд!”, “Зинда бод лампаҳои диодӣ!”, “Лампаҳои каммасраф душман ва диодӣ дӯсти инсоният!”.

Касе пайдо нашуд, ки пурсад: аввал ба мардум шарҳ диҳед, ки душманию дӯстии ин ду навъи лампа дар чист? Соҳибкорони бечораро огоҳ кунед, ки дигар чунин лампаҳо надароранд. Ба истеҳсолкунандагон дастур диҳед, ки самти истеҳсолашонро дигар кунанд.

Фазои холӣ фикру андешаҳоеро ба миён меорад, ки ҳатто хари боркаш тавони бардоштанро надорад. Шарҳ диҳед, огоҳ намоед, роҳнамоӣ кунед. Сипас, шумо медонеду дави аспатон.

Аллакай фазоро иттилое фаро гирифтааст, гӯё монополисте пайдо шудааст, ки мехоҳад лампаҳои диодии худро ба фурӯш барорад. Мо намедонем, ки ин ҳақиқат дорад ё не. Аммо даҳони мардумро бастан душвор аст. Барои ин лозим аст, ки иттилои комил, қонеъкунанда ба аҳолӣ, соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон пешкаш шавад. Ин амал метавонад миёни соҳибкориро дар кишвар шиканад, истеҳсолкунандагонро дилсард кунад.

Аз шарҳи расмӣ то мушкилоти лампаҳои каммасраф

Тоҷикистон воридот, истеҳсол ва фурӯши фурӯзонакҳои каммасрафи симобдорро манъ намуд. Дар ин хусус қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли равон ба тасвиб расид, ки дар асоси он воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобдор бо рамзи «8539322001» дар қаламрави кишвар манъ карда мешавад. Ҳадаф аз қабули ин санад пешгирӣ аз зарари симоб ба муҳити атроф, хусусан аҳолии мамлакат дониста мешавад. Ҳукумати мамлакат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо Хадамоти гумрук дастур додааст, ки ҷиҳати иҷрои қарори манъи воридот, истеҳсол ва фурӯши фурӯзонакҳои каммасрафро таъмин созанд. Инчунин, ба дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати “тақвият додани истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи нурдиҳандаи диодӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ» тадбирҳо андешанд. Шояд ин тадбир дуруст бошад. Вале онро дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон истеҳсол мекунанду ба фурӯш мегузоранд ва истифода мебаранд.  

Аслан, Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2009 ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашт, маъракаи тарғиби ин лампаҳо на камтар аз тарғиби зарурати сохтмони НБО-и “Роғун” буд. Барои аз байн бурдани зарари он қарори ҳукумат ҳам баромада буд. Аммо иҷро нашуд. Гуноҳи лампа дар чист? “Сухан аз забони луқмон хуш аст” гуфтему ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем, ки онро шарҳ диҳанд.

Вазорати энергетика бетараф. Ёдгорӣ дар рухсативу…

Вақте ки моҳи майи соли 2009 аҳолии Тоҷикистон ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашт, мутахассисони соҳа мегуфтанд, ки сарфаҷӯёна истифодабарии қувваи барқ ба корхонаю муассиса ва аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар баробари ин, муаммои ифлосшавии муҳити зист бо лампаҳои каммасрафи аз истифода баромадаи симобдор ба миён омада буд. Ба хотири безарар гардонидани фурӯзонакҳои каммасраф бояд нуқтаҳои қабул ва ба расмият даровардани супоридани лампаҳо ва асбобҳои симобдор ташкил мегардид. Дар ин росто, бо мақсади пешгирии ифлосшавӣ соли 2011 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ба тасвиб расида буд. Вале кадом ниҳоде масъул буд ва то куҷо ин қарорро амалӣ кард, маълум нест. Аммо сокинон бар ин назаранд, ки вақте лампаҳои каммасрафро барои истифода тавсия доданд, бояд қуттиҳои махсус барои партов низ роҳандозӣ мегардид. Бинобар набудани қуттиҳои алоҳида мардум аз ноилоҷӣ лампаҳои каммасрафи сӯхташударо ба қуттиҳои партови маишӣ мепартофтанд. Дар манотиқ бошад, ба иборае, “пеш омад, хуш омад”, мардум ҳарҷо мепартофтанд. Аммо намедонистанд, ки он чӣ пайомад дорад. Зимнан, бо гузашти беш аз 12 соли истифодаи лампаҳои каммасраф на ҳама мардум маърифати истифодаи дурусти онро медонистанд. Ҳоло, ки лампаҳои диодӣ барои истифода тавсия мешаванд, то куҷо дар марказҳои фурӯш мавҷуданд ва харидорон онро аз симобдор  бояд фарқ кунанд?

Мо барои гирифтани назари мутахассис аввал ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон занг задем. Аз рақами телефони 2360304 — қабулгоҳи вазир, рақами дигар — 2359813 ва сипас 2359834 — раёсати энергетикаро барои иртибот ва гирифтани иттилоъ пешниҳод карданд. Аз ин раёсат рақами котиботи вазорат — 2359802-ро барои мувофиқа ва суҳбат бо масъуле пешниҳод намуданд. Баъди суҳбат дар ин ҷо гуфтанд, ки “вазорат ба ин масъала дахле надорад. Ба суоли шумо бояд ширкати “Барқи тоҷик” посух диҳад”.

Рақами мобилии сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгориро барчидам. Аз он сӯи телефон ҷаноби Ёдгорӣ баъди пурсупос гуфт, ки дар рухсатии меҳнатист ва дар “Қайроққум” дам гирифта истодааст. Ҳарчанд ба ӯ гуфтам, ки ақаллан ягон мутахассиси ҳирфавии ширкатро барои гирифтани шарҳ вобаста ба мавзуъ тавсия диҳад, вале пой дар як мӯза андохтагӣ барин, гуфт, ки “дар протседура” аст ва феълан ҳаққи чизе гуфтан надорад.

Бароям як чӣ норӯшан монд. Агар Ёдгорӣ дар истироҳат аст, кӣ сиёсати иттилоотиву тарғиботии ширкатро то омадани ӯ пеш хоҳад бурд? Кӣ мардумро бо иттилои саҳеҳ таъмин хоҳад кард? Магар ширкати “Барқи тоҷик” ягон корманди дигари масъул барои иртибот бо намояндагони ВАО надорад?

Суол ба масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои об: Шумо, агар дар ин ниҳод кор мекунед, магар ҳаққи шарҳ додани мавзӯи марбут ба соҳаи худро надоред? Магар шумо риштаи энергетикаро хатм накардаед ва фарқи лампаҳои каммасрафи симобдорро аз лампаҳои диодӣ намедонед? Бадбахтист, вақте ки журналист барои гирифтани маълумоти марбут ба соҳаи худатон муроҷиат мекунад ва бетарафӣ нишон медиҳеду ба даҳон об мегиред! Пас, куҷост масъулияти шумову эътимоди давлату халқ?

Усмон РАҲИМЗОДА

Тафсилоти бештар дар шумораи нави ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.