Боздошти талбандаи “маъюб”. Нисбати ӯ ҳабси маъмурӣ татбиқ шудааст (аудио)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки бино ба гуфтаи манбаъ, худро маъюб вонамуд кардаву ба талбандагӣ машғул мешудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Ҷумаев Ҳошимҷон Худоёрович, санаи таваллудаш 20.06.1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон худро маъюб вонамуд карда, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба талбандагӣ машғул будааст.

— Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбуда дар асл ҷисму бозуи саломат дошта, бо мақсади ба даст овардани маблағ дар байни роҳи мошингард баромада, дар баробари худро маъюб вонамуд кардан, ҳамзамон ҳолати хатарноку садамавиро ба миён овардааст. Зимни пурсиш номбурда иброз намуд, ки бо ин роҳ ҳамарӯза маблағҳои гуногуне ба даст оварда, онро ба истеъмоли машрубот сарф мекардааст,- меафзояд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷумаев Ҳошимҷон Худоёрович протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар қарори суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *