Дар Душанбе 5 рӯз роҳ баста мешавад

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати велосипедронии Осиё баргузор мешавад. Бинобар ин, дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт панҷ рӯз маҳдудият ҷорӣ мегардад.

Бинобар ин, мақомоти шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт дархост кардааст, ки давоми роҳбандиҳо аз нақлиёти шахсӣ истифода накунанд ва  аз нақлиёти ҷамъиятӣ, автобусҳо истифода намоянд.

Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе хабар дода, гуфтааст, ки маҳдудиятҳо аз 25 то 30 март амал мекунанд.

Ҳамин тавр, аз 25 то 27 март, аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ – Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ. Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ манъ аст.

Инчунин, аз 28 то 30 март, аз соати 07:30 то 16:00 ҳаракати нақлиёт аз ҳалқаи буриши хиёбони С. Айнӣ — кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, С. Шерозӣ, кӯчаи Н. Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н. Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А. Сино, И. Сомонӣ, Н. Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н. Махсум, И. Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии халқҳо маҳдуд мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар ин чемпионати дучархаронӣ  428 намоянда аз 27 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Дар доираи чорабинӣ дар 6 масофа 18 мусобиқа миёни мардҳо ва бонувон ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *