Дар Левакант сохтмони ду кӯдакистон оғоз шуд

Дар шаҳри Левакант сохтмони ду муассисаи томактабӣ оғоз гардидааст. Ин нукта имрӯз, 4 феврал зимни нишасти матбуотии раиси шаҳр зикр шуд.

Мастура Муминзода, шаҳрдори Левакант иброз дошт, ки дар нишасти хабарии ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2025 рӯзномаи «Тоҷикистон» масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабиро матраҳ намуда буд. Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Тибқи иттилои раис, дар айни замон дар шаҳр сохтмони ду муассисаи томактабӣ оғоз ёфтааст, ки яке барои қабули 100 кӯдак ва дигаре барои 50 нафар пешбинӣ шудааст.

Ҳоло дар шаҳри Левакант 4 муассисаи томактабӣ ва дар назди 17 муассисаи таълимӣ Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 2 ҳазору 800 кӯдак фаро гирифта шудаанд. Сатҳи фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар шаҳр 34 дарсад-ро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *