Хатлон: Бақияи қарзи андоз наздики 180 миллион сомонӣ аст

Феълан дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз қариб ба 180 миллион сомонӣ расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз аввали сол то имрӯз 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Сангин Саидзода — мудири шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки “дар аввали сол бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 182 миллиону 700 ҳазор сомонӣ буд. Бо пурзӯр кардани кор ва фаҳмонидани моҳияти пардохти андоз ва баланд кардани сатҳи огоҳии андозсупорандагон то ба имрӯз аз ин қарз 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ҳоло 178 миллиону 900 ҳазор сомонӣ бақияи қарз мондааст. Ин ҳам то охири сол ба таври назаррас кам карда хоҳад шуд”.

Ӯ таъкид кард, ки бо вуҷуди кам кардани бақияи қарз, мутаассифона, ноҳияи Дӯстӣ 700 ҳазор сомонӣ, Шаҳритус 250 ҳазор сомонӣ ва Темурмалик 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ қарздории бақияи андозро бештар кардаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *