Хатлон: Соҳибкорзанони хоҳишманди гранти мақсаднок афзудаанд

Танҳо дар як соли сипаришуда теъдоди занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои гирифтани гранти мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 27 нафар расидааст.

Дар ин бора Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ додааст. Ба қавли манбаъ, ҳамзамон, бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли гузашта 21 зани соҳибкор ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон гардидаанд. Гуфта мешавад, ки лоиҳаҳои онҳо ба маблағи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Айни замон теъдоди занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда, ки дар қайди мақомоти андози  вилоят қарор доранд,  17541 нафар мебошанд.

Аз инҳо 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.