Хонаи Шоираи Раҳимҷонро об зер кард

Дар натиҷаи канда шудани хатти об бойгонии шоири шинохтаи тоҷик Шоираи Раҳимҷон зери об мондааст. Шоира мегӯяд, 500 китоб тамоми ҷоизаҳову ифтихорномаҳо ва ҳатто дафтарчаи узвияти Иттифоқи нависандагон таги об мондаанд.

Субҳи 10 июл шоири шинохтаи тоҷик Шоираи Раҳимҷонро хабари зери об мондани бойгониаш дар ҳолати шок андохт. Шоираи Раҳимҷон китобҳо ва маводи бойгониашро дар таҳхонаи биное, ки дар маҳаллаи «Профсоюз”-и Душанбе зиндагӣ мекард, нигоҳ медошт.

Шоираи Раҳимҷон дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфт, дар натиҷаи канда шудани хатти об аз таҳхонаи ҳамсоя об ба бойгонии Шоираи Раҳимҷон гузаштаааст: «500 дона китоби «Вопасин номаи дард”-ам, тамоми ҷоизаву ифтихорномаҳо ва ҳатто дафтарчаи узви иттифоқи нависандагонам таги об монданд. Стресси хеле сахт бардоштам. ”

Аммо ӯ афзуд, аз ин ҳодиса рӯҳафтода нашудааст, вале дидани ҳолати хароби китобҳое, ки эҷодкор ҳар кадомашро мисли фарзанди худ мешуморад, барояш осон набуд: «Руҳияаам нашикастааст, вале вақте китобҳоямро аз таҳхона дар ҳолати хароб мебароварданд, мисле ки бачаҳоям агар таб кунанд, дунё дар назарам шум мегардад, ҳамон ҳисро доштам.

Китоби «Вопасин номаҳои дард”, ки 500 нусхааш дар ин ҳодиса нобуд шуд, китоби дуюми Шоираи Раҳимҷон буд ва ба далели зиёд будани шумораи хонандагонаш 7 маротиба бознашр шудааст.

Бо ин вуҷуд, мегӯяд Шоираи Раҳимҷон, ҳатто дар ин ҳодиса низ барои худ ҳикмате мебинад: «Ҳикмати ин корро медонам.Чанд вақти охир ихлосмандони шеърам хеле бисёр шеърҳои навамро хоҳиши дастрасӣ доштанд. Ҳарчанд як китоб шеъри нав дорам вале гуфтам то шеърам ҷаҳонӣ нашавад китоб чоп намекунам.Ҳоло баъди ин ҳодиса ҳикматро дар чопи китоби навам бо шеърҳои ҷадид мебинам.”

Шоираи Раҳимҷон мегӯяд, китоби нави шеърҳояшро бо номи «Номае дигар” ба дасти чоп медиҳад.

Шоираи Раҳимҷон аз шоирону таронасароёни маъруфи имрӯзаи тоҷик шинохта мешавад. Аксари ситораҳои аввали тоҷик, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Меҳринигори Рустам, Ҷонибеки Мурод бар пояи шеърҳои Шоираи Раҳимҷон тарона хондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *