Даромади солонаи президент қариб 18 ҳазор доллар

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон соли гузашта 1 млн 246 ҳазор сом (наздики 17,8 ҳазор доллар) даромад доштааст. Дар ҳамин ҳол, харҷаш 8 млн 385 ҳазор сом (қариб 120 ҳазор доллар) будааст. Вай дар эъломияаш навишт, ки аз ҳисоби даромадҳои шахсиаш харҷ кардааст.
Аз амвол, тибқи ҳуҷҷат, президенти Қирғизистон як бинои иборат аз 116 метри мукааб бо 2,7 гектар ва боғи иборат аз 6,4 гектар дар ихтиёр дорад. Президенти Қирғизистон амволи манқул надорад.

Хеши наздики Отамбоев дар соли 2016 250 ҳазор сом аз ҳисоби кори расмӣ, 369 ҳазор сом аз ҳисоби даромади вомбаргҳо, 2,5 млн сом аз ҳисоби созишномаҳои ҳуқуқиву шаҳрвандӣ ва 100 ҳазор сом аз ҳисоби қарзҳои бонкиаш даромад доштааст. Дар эъломия гуфта нашудааст, ки ин кадом хеши наздики вай аст.

Нисбати соли 2015 даромадҳои президент тағйир ёфтаанд. Соли 2015 Отамбоев 1 млн 298 ҳазор сом даромад дошт. Аммо он замон вай 34 млн харҷ карда буд. Даромади хеши наздикаш он замон 182 ҳазор сом аз ҳисоби кори расмӣ ва 112 ҳазор доллар аз ҳисоби фоизҳои амонатҳояш буд.

Алмосбек Отамбоев пештар гуфта буд, ки қабл аз президентиаш миллионер шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *