Иқдоми шоистаи таҳсин. Дар ноҳияи Дӯстӣ омӯзгорон бо замин таъмин мешаванд

Аз августи соли 2022 то имрӯз 42 омӯзгор дар ноҳияи Дӯстӣ бо замин барои бунёди хона таъмин шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин ташаббуси олӣ то ҳанӯз дар Тоҷикистон собиқаи кам дорад.

Шаҳноза Маҳмадсаидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки моҳи август дар машварати августии омӯзгорон 30 омӯзгор дар вазъияти тантанавӣ бо сертификати замин барои бунёди хона таъмин шуданд. Ӯ мегӯяд, ки бо вуҷуди ин боз дар соли 2023-юм 12 омӯзгор бо замин таъмин шуданд. “Дар машварати августии соли ҷорӣ ҳам боз беш аз 30 омӯзгор бо замин таъмин мешаванд”,- афзуд вай.

Ин амали шоистаи таҳсин дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон собиқаи кам дорад.

“Ба омӯзгорон ваъда кардаанд, ки дар сохтмони манзил ҳам ба онҳо кумак мекунанд. Ин ҳама дастгирии омӯзгорон бевосита аз дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар сарчашма мегирад. Солҳои пеш чунин дастгириҳо нисбати омӯзгорон кам буданд. Боварӣ дорем, ки дар оянда боз ҳам омӯзгорон бештар дастгирӣ карда мешаванд”,- мегӯяд Ш. Маҳмадсаидзода.

Шаҳноза Маҳмадсаидзода афзуд, ки ба омӯзгорон 0,12 га замин дода шудааст, то онҳо дар баробари кор дар муассисаи таълимӣ боз аз ҳисоби кишти зироати гуногун дар замин сатҳи зиндагии хешро беҳтар кунанд. Ба таъкиди вай, баъди додани замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгорон норасоӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт.

— Ҳоло каму беш ба 10 омӯзгори забони хориҷӣ эҳтиёҷ дорем. Аллакай ин мушкилӣ ҳалли хешро пайдо кардааст. Мо омӯзгорони забонҳои хориҷиро аз Бадахшон ҷалб кардаем. Ба онҳо ҳам замин барои бунёди хона дода мешавад. Дар баробари ин дар сохтмони хона каму беш кумак карда мешавад. Албатта ин ташаббус бисёр хуб аст. Онҳоро ҳавасманд месозад,- меафзояд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *