Хатлон: истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуд

Вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд кард. Дар ин бора аз Раёсати омори вилоят хабар доданд.

«Аз моҳи январ то майи соли ҷорӣ дар тамоми соҳаҳои кишоварзии вилоят 355 ҳазору 671 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 13,1% зиёд мебошад. Дар ин давра дар тамоми соҳаҳои кишоварзии вилоят 10 ҳазору 211 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 78,4% афзудааст»,- гуфт манбаъ.

Дар тамоми соҳаҳои кишоварзии вилоят 17166 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 36,5% зиёд мебошад. Аз ин миён хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят 13847 тонна мева истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи порсол 2727 тонна зиёд буда, 124,5%-ро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *