Ин ҳафта ҳаво то +47 С гарм мешавад

Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 19-ум то 24-уми июн дар аксари минтақаҳои кишвар ҳавои хушку гарм идома хоҳад ёфт.

Бино ба иттилоъ, дар водиҳои вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво то 42+47, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 38+43, дар ноҳияҳои куҳистон ва доманакуҳҳои кишвар то 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб то 15-20 м/с дар назар аст. Рӯзҳои 23-24-уми июн дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки дар ин давра бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво сатҳи оби ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баланд мешавад. Бар асари гармӣ дар баъзе ноҳияҳои куҳистони тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Бадахшон хатари фаромадани сел аз оби пирях вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз мардум даъват менамояд, ки тамоми чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, партовҳоро аз селпартоҳо ва ҷӯйборҳо тоза карда, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, чаронидани чорво ва шикор дар ҷойҳои баландкуҳ худдорӣ намоянд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои куҳистон ва ё дар қитъаҳои селфарои роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *