Эмомалӣ Раҳмон ба Марат Ҳуснуллин комёбӣ орзу намуд

Дирӯз, 19-уми июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар оғози суҳбат Пешвои миллат аҳамияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки Комиссияи мазкурро таъкид намуда, ба Марат Ҳуснуллин дар фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси ҳамраиси ин механизми муҳими пешбурди муносибатҳои ҷонибҳо комёбӣ орзу намудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Сарвари давлати мо таъкид кардааст, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

— Дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид гардид. Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *