Бозор

Инсоф намонд! Болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон

Ҳамасола бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар кишвар сокинон аз гаронии нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия шикоят мекунанд. Имсол чӣ? Дар пойтахт нархи кадом маҳсулот боло рафт?

Гӯшт қиммат шуд

Саида, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки воқеан ҳам баъд аз оғози моҳи шарифи Рамазон нархҳо дар бозор хело боло рафт. Гарчанде тағйирот дар маҳсулоти ниёзи аввал кам ба назар мерасад, вале нархи дигар маҳсулот осмонӣ шуд.
— Моҳи шарифи Рамазон пеш аз ҳама моҳи хайру саховат ва адлу инсоф аст, ки ба ҳар як банда Худованд худаш тавфиқ диҳад. Тоҷирон ҳар гунае хоҳанд, ҳамон гуна нархгузорӣ мекунанд ва ҳатто нархи сабзавоте ба монанди пиёзи сабз ва амсоли инро боло бурдаанд. Пеш аз Рамазон як килограмм қаламфури булғорӣ 15-17 сомонӣ буд дар бозори “Меҳргон”, ҳоло онро 40 сомонӣ харидорӣ мекунӣ,- афзуд ӯ.

Фурӯғ, сокини дигари Душанбешаҳр мегӯяд, ки дар ин моҳ нархи гӯшт боло баромадааст: “Масалан, як моҳ қабл ман як килограмм гӯштро 68-70 сомонӣ мехаридам, ҳоло 75-78 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Вале нархи орду равған ҳамон гуна боқӣ мондаанд ва дар моҳи Рамазон тағйироти ҷиддие нашудааст”.

Мева намехарем

Гароншавии нарху наво дар кишвар пеш аз моҳи Рамазон оғоз шуд. Аз ҷумла, равған, шакар, тухм ва маҳсулоти дигари ниёзи аввал қиммат шуданд. Соҳибкорон мегӯянд, ки дар баъзе мавридҳо гузоштани нарху наво аз онҳо вобастагӣ надорад. Савдои мекардаашон хароҷотро намепӯшонад.
Шамс, як тоҷир, ки ба фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум машғул аст, мегӯяд, воқеан ҳам ӯ маҳсулотро аз яклухтфурӯшон бо нархи гарон харидорӣ мекунад ва наметавонад онро арзон ба фурӯш гузорад.
— Мо аз нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ маҳсулотро харидорӣ мекунем ва вақте ба мо бо нархи гарон медиҳанд, наметавонем онро арзон фурӯшем. Мо маҷбур мешавем чанд тангаи дигар болои он монему ба фурӯш гузорем,- илова намуд ин тоҷири тоҷик.

Холаи Мастура дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар ин моҳ аъзои хонаводааш аз хӯрдани мева даст кашидаанд.

— Нархи мевагӣ дар Рамазон боло рафт. Пеш як килограмм себ 10-12 сомонӣ буд, ҳоло 24-25 сомонӣ шудааст. Ман дигар мева намехарам ва ба фарзандонам ҳам гуфтам, ки умеди хӯрдани себу хурморо накунед. Зеро 800 сомонӣ маош мегирам, ки аз ин моҳ ба ин моҳ ба як азоб сар ба сар мешавад. Дар нархгузории маҳсулот инсоф намондааст,- гуфт ӯ.


Таъкиди Абдулқодирзода чӣ шуд?

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз савдогарон пеш аз ин моҳи шариф хоҳиш карда буд, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоиро боло набаранд, балки ба миқдоре поин фароранд.

Абдулқодирзода нигаронӣ кард, ки баъзе савдогарон дар моҳи Рамазон ба эҳтикор ё ба таври сунъӣ боло бурдани нарх даст мезананд, ки ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.

«Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман сӯйистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”,- мегӯяд муфтии Тоҷикистон.

Қиммат мешаваду арзон не

Солҳои охир болоравии нархи маҳсулот дар кишвари мо ба шиддат идома дорад, аммо арзон шудани онҳо дида намешавад. Боз ҳар гоҳ, ки арзиши доллар боло равад, дар бозорҳо инро баҳона карда, қимати амволро баланд мебаранд, аммо баъди он ки қурби доллар паст мешавад, дигар нархҳоро арзон намекунанд.

Дар гузашта масъулони бозорҳо ва шаҳрдорӣ барои дар як сатҳ нигоҳ доштани арзиши молу маҳсулот дар моҳи Рамазон борҳо талош карда буданд, вале ба қавли сокинону таҳлилгарон, натиҷа назаррас набуд.

Гарон будани нархи маҳсулоти аввалия дар кишвар дар ҳолест, ки фарқ миёни музди меҳнати мардум ва нархи бозор калон аст. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон айни ҳол 600 сомонӣ гуфта мешавад. Бо фармони Президенти кишвар аз 1-уми июли соли 2024-ум 40% баланд бардошта мешавад, ки 800 сомониро ташкил медиҳад.

Суман Убайдуллозода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *