Ректори ДМТ ва Элза Пинёл масъалаи ҳамкориро баррасӣ карданд

Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард ва бо ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва форумҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбари низоми таҳсилоти олии касбии кишвар дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ пешоҳанг мебошад. Донишгоҳ на фақат дар кишвар, балки дар минтақа дорои мактаби эътирофгардидаи забоншиносон буда, дар таҳкими робитаҳои илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ нақши муассир дорад.

Дар интиҳо ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани табодули донишҷӯён дар асоси бурсияҳо ба мувофиқа омаданд ва ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *