Мунира Абдусаломова роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард

Дар кишвари Чин мусобиқаи интихобии олимпии таэквондо дар қораи Осиё баргузор гардид, ки дар он варзишгарбонуи тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни +67 кг роҳхати Бозиҳои олимпии Порис-2024-ро ба даст овард.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 3 варзишгар — Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни то 68 кг, Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни то 67 кг ва Мунира Абдусаломова дар вазни +67 кг барои иштирок ба мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Чин иборат буд.

Варзишгарон дар ҳашт вазн — 4 вазн байни мардҳо ва 4 вазн байни духтарон талош карданд. Тибқи низомнома, дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат ба варзишгароне, ки ба финал мебароянд, дода шуд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни то 68 кг ва Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни то 67 кг дар даври аввали мусобиқа маѓлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.

Мунира Абдусаломова дар рӯзи дуюми мусобиқаи интихобӣ дар Чин бар намояндагони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Ин чорумин роҳхати олимпии варзишгарони тоҷик аст. Қаблан Миҷгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов дар намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *