Кӯшониён. Қарзи беш аз 1 000 000 сомонии беморхона аз обу барқ

 Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён аз ҳаққи истифодаи барқ беш аз 700 ҳазор сомонӣ қарздор будааст. Беморхонаҳои рақамӣ ва минтақавӣ ҳам кам қарздор нестанд. Холмурод Абдиров, иқтисодчии беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, танҳо беморхонаи марказӣ аз ҳаққи истифодаи барқ беш аз 779 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Ӯ мегӯяд, қарздории беморхонаи мо ҳанӯз аз соли 2012 ба ин тараф рафта истодааст. “Аз буҷети маҳаллӣ барои пардохти ҳаққи истифодаи барқ солона 20 ҳазор сомонӣ ҷудо мешаваду халос. Аммо дар чор моҳи ҳамин сол 56 ҳазор сомонӣ қувҷаи барқ истифода кардаем. Аз буҷет хеле маблағи кам ҷудо мешавад. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати молия дархост кардем, ки иловагӣ маблағ ҷудо кунанд. Ҳоло ҷавоб надодаанд”.

Ӯ мегӯяд, чор беморхонаи минтақавӣ ва ду беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Кӯшониён фаъолият доранд, ки қарзашон дар назди шабакаҳои барқ кам нест. Ба таъкиди вай, танҳо беморхонаи рақамӣ як зиёд аз 500 ҳазор сомонӣ аз ҳақи истифодаи барқ қарздор аст. Ҳамчунин беморхонаҳои дигар низ аз ҳақи истифодаи барқ қарздоранд,-афзуд вай. Аз идораи обу корезӣ 240 ҳазор сомонӣ қарздорем. Барои пардохти маблағи об бошад солона 25 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Вале дар чор моҳ каму беш 45 ҳазор сомонӣ ҳақи истифодаи об шудааст. Қарз аз солҳои пеш аст ва ба ҷойи кам шудан ҳамасола зам мешавад,-мегӯяд вай. Аз Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён ба Pressa.tj гуфтанд, ки хароҷоти беморхона аз ҷониби маъмурият муайян карда мешавад. Мо танҳо маошашонро ҷудо мекунему халос. Боқимонда маблағе, ки доранд худашон тақсимбандӣ мекунанд. Масъулини беморхона барои пурра пардохт кардани ҳақи хизмати обрасонӣ ва барқ пеш аз тасдиқи буҷет, яъне дар аввали сол бояд чора андешанд. Барои ҳамин намуди хизматрасонӣ метавонанд маблағро бештар дархост кунанд. Дар он сурат чунин қарздориҳо зиёд намешаванд. Соли оянда пеш аз таҳияи буҷет ин масъаларо ҳатман ба инобат мегирем ва дар ояндаи наздик қарзи пардохт карда мешавад. Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён бо 225 кати хоб дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон яке аз калонтарин муассисаҳои тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, ҷудо кардани маблағ барои пардохти ҳақи хизмати обрасонӣ ва истифодаи барқ барои ин муассисаи калон хеле кам будааст.

 Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.