Кӯшониён: Нақшаи содирот 100 дарсад иҷро шуд

Дар шаш моҳи соли равон аз ноҳияи Кӯшониён ба хориҷи кишвар 4 ҳазору 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Содироти маҳсулот назар ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд будааст.

Вализода Икромиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён рӯзи 27-уми июли соли ҷорӣ дар нишасти хабарии хеш гуфт, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз маълумоте, ки пешниҳод шудааст, зиёд аст. “Омори охирро нагирифтаем”,- афзуд ӯ. Ба таъкиди вай, ҳам кишт ва ҳам ҷамъоварии ҳосил тибқи дурнамои пешбинишуда давра ба давра таъмин шуда истодааст.

— Ҳоло ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ бомаром идома дорад. Ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ дар оянда ҳам нақшаҳо пурра таъмин мешаванд. Суҳбатҳо бо сокинон барои боз ҳам самаранок истифода кардани замин рафта истодааст. Умед аст, ки дар оянда ҳам заминҳо оқилона истифода мешаванд,- гуфт раис.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.