ниҳол

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Кӯшониён

Дар ноҳияи Кӯшониён ба таври муташаккил ҳашари шинонидани дарахтони гуногун ва тоза кардани заҳбуру заҳкаш сурат гирифт. Дар доираи ин иқдом се ҳазор дарахт шинонида шуд.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар канори роҳҳои мошингард ва заминҳои холии назди муассисаҳои таълимӣ дарахтони гуногун шинонида шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз кишти картошка ҳам гузаронида шудааст. Дар ҳашар Давлаталӣ Саид — иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон низ иштирок кардааст.

Бин ба иттилои расида, сокинони касбу кори гуногун дар як рӯз се ҳазор дарахти тут ва 500 бех дарахти сояафкан шинонидаанд.

Мувофиқи нақша, имсол дар ноҳияи Кӯшониён дар майдони 500 гектар замин кишти картошка гузаронида мешавад. Аллакай кишти ин навъи маҳсулот дар заминҳои ҷамоати шаҳраку деҳот бомаром идома дорад.

Кӯшониён яке аз калонтарин ноҳияҳои кишвар буда, деҳқонони соҳибтаҷрибаи зиёд дорад. Ҳамасола дар ин ноҳия зироати гуногуни кишоварзӣ кишт шуда, маҳсулоти ҷамъовардашуда ба бозорҳои кишвар ба фурӯш бароварда мешаванд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *