Ҷамшед Табарзода

Аз бинои баҳсӣ то сармояи Ҳиндустон дар Душанбе

 Бунёди корхонаҳои нав бо фарогирии беш 5 ҳазор ҷойи кор, автобусҳои дуошёна, хизматрасонии ғайринақдӣ, баҳси биноҳои истиқоматии нотамом ва чанд масоили дигар дар нишасти матбуотии МИҲД-и шаҳри Душанбе садо доданд.

Бинои баҳсӣ

Беш аз 15 сол аст, ки 3 бинои баландошёна дар шафати Сирки давлатӣ то ҳол ба истифода дода нашудаанд. Ин биноҳо бо сармоягузории соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ бунёд шудаанд. Ҷамшед Табарзода — муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар мавриди сарнавишти ин биноҳои баландошёна дар нишасти матбуотӣ изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ки ин биноҳои баландошёна воқеъ дар Хиёбони Саъдии Шерозӣ баҳсӣ мебошанд.

“Дуруст мегӯед. Чандин сол аст, ки сохтмони биноҳои баландошёна дар назди Сирки давлатӣ ба охир нарасидааст. Бино баҳсӣ аст. Бо соҳибмулкони он чандин маротиба суҳбат доштем. Бинои мазкур ба шаҳрдорӣ ягон иртибот надорад. Умедворем, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ин мушкилӣ ҳал мешавад”,- изҳор дошт Ҷ. Табарзода.

Аммо Табарзода нагуфт, ки ҳоло корҳои боқимондаи сохтмони ин биноҳоро кадом ширкат бар зимма дорад ва кай мавриди истифода қарор мегиранд?

Беш аз 70 корхонаи нав дар пойтахт

Соли равон дар шаҳри Душанбе бунёди 71 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷамшед Табарзода гуфт, ки аз ин шумора ба ҳолати 1-уми январи соли равон 17 корхона ба истифода дода шудааст. Зикр гардид, ки дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва пойафзол 102,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ 2,6 маротиба, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8 маротиба, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Автобусҳои дуошёна дар Душанбе

Соли гузашта тибқи шартномаи баимзорасида 10 автобуси дуошёна ва 50 автобуси тамғаи AKIA-и 8-метрӣ аз ширкати муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон харидорӣ гардид.

“То инҷониб 10 автобуси дуошёна ва 20 автобуси мусофирбар мавриди истифодаи сокинону меҳмонони пойтахт қарор гирифтаанд. Ҳоло 30 автобуси боқимондаи тамғаи AKIA дар ширкати мазкур бандубаст гардида истодаанд”,- иброз дошт Ҷамшед Табарзода.

Инчунин, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе зикр кард, ки ҳоло дар хатсайри автобусу троллейбус пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст.

Сармояи Ҳиндустон дар Душанбе

Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортути пойтахт тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб мешавад. Ин роҳ бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллар ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5 км идома доранд. Ҷамшед Табарзода инчунин гуфт, ки барои мукаммалгардонии парки техникии корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе бо таҷҳизоту воситаҳои муосир дар асоси созишнома бо Ҳукумати Чин дар соли 2021 ба пойтахт 466 адад техникаи коммуналӣ оварда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *