Шавкат Мирзиёев: Вазорати корҳои хориҷӣ танҳо ба фиристодани нотаҳо маҳдуд мешавад
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласае, ки ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишвараш дар хориҷа бахшида шуд, ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандони Ӯзбекистон дар мамолики хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. «Мо аз шумораи шаҳрвандони худ, ки ғайриқонунӣ дар хориҷа қарор доранд, ҷиддан нигарон ҳастем», – қайд кард Мирзиёев.
Гуфта мешавад, Русия дар соли 2025 ба татбиқи «афви муҳоҷират» нисбати беш аз 150 ҳазор шаҳрванд муваффақ шудааст. Дар ҷаласа сарвари давлати Ӯзбекистон зарурати тақвияти музокирот бо дигар кишварҳо барои мусоидат ба шуғли қонунии шаҳрвандони кишвараш таъкид карда, қайд намуд, ки худи шаҳрвандон вазифадоранд қонунҳои кишварҳои мизбонро риоя кунанд.
Вай боз қайд кард, ки кор бо муҳоҷирони корӣ дар кишварҳое, ки ҷараёни муҳоҷират афзоиш меёбад, бахусус дар Аврупо, бояд яке аз вазифаҳои асосии консулҳо дар сафоратхонаҳо гардад.
Шавкат Мирзиёев идораҳои марбутаи кишварашро муваззаф кард, ки раванди бақайдгирии шаҳрвандон дар хориҷа ва коҳиш додани бюрократияи аз ҳад зиёд боз ҳам соддатар карда шавад. Чунки гузоришҳо дар бораи поймол кардани ҳуқуқи инсон нисбати шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳангоми рейдҳои гуногун дар кишварҳои хориҷӣ боиси норозигии ҷиддии мардум мешаванд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар бисёр мавридҳо Вазорати корҳои хориҷӣ худро танҳо бо фиристодани нотаи расмӣ маҳдуд мекунад.
«Сафирон ва консулҳо вазифадоранд, ки дар ҳар як ҳолат кумаки ҳуқуқии босифат расонанд ва ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони моро дар хориҷа ҳимоя кунанд», – таъкид кард Президент.
Ба гуфтаи ӯ ҷалби ҷавонон ва донишҷӯён дар хориҷа дар ҳаракатҳои гуногуни радикалӣ бояд масъалаи нигаронии ҷиддии ҳамагон бошад.
Гузашта аз ин, сафирони кишвараш бояд аз «дипломатияи кабинетӣ» даст кашанд ва ба майдонҳои сохтмонӣ, хобгоҳҳо ва синфхонаҳое, ки ҳамватанон дар он ҷо кор ва таҳсил мекунанд, ташриф оранд, мушкилоти онҳоро омӯзанд ва онҳоро дар ҷои худ ҳал кунанд.
Ба шахсони масъул дастур дода шуд, барои шаҳрвандоне, ки дар хориҷа дар вазъияти душвор қарор доранд, маркази зангҳои ройгон, инчунин системаи баррасии фаврии муроҷиатҳоро бо ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдор таъсис диҳанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри ТОШКАНД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ