Муҳоҷири 26-солаи тоҷикро дар Русия куштанд! Сафорат қазияро пайгирӣ дорад (аудио)

Боз як муҳоҷири тоҷик дар Русия ба таври бераҳмона кушта шуд. Аз ӯ Эмомалӣ Давлатови 26 — сола  ном бурда мешавад, ки  дар фурудгоҳи Пулково ба қатл расонида шудааст. Дар пайи ин қазия Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия гуфт, ки таҳқиқи холисонаи қатли Эмомалӣ Давлатов дар фурудгоҳи Пулковои Русия то ба охир пайгирӣ хоҳад кард.

«Сафорат ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намуд»,- афзудааст манбаъ.

Ба таъкиди Сафорат, ҳодисаи нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия то ниҳояти ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад.

Ёдовар мешавем, субҳи 24 –уми январ дар расонаҳо хабари қатли бераҳмонаи муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург нашр шуд. Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоле пайдо шудааст, ки ҳалқашро буридидаанд.

Ҳамзамон, чанд зарби корд низ дар ҷасадаш ба мушоҳида мерасад. Ҳоло маълум нест, ин муҳоҷир дар чӣ ҳолат кушта шудааст, вале ҷасади беҷонаш дар баромадгоҳи пандуси фурудгоҳи мазкур дар дохили мошин қарор дошт.

Тибқи фарзияи пешакӣ, марҳум мусофиронро ба фурудгоҳи Пулково овардааст.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, муҳоҷири кушташуда охири моҳи декабри соли 2021 бо мақсади кор ба Русия омада, патент гирифта, аммо дар қайди мақомоти муҳоҷират набудааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аллакай видеоҳои дурбинҳоро тафтиш кардаанд. Онҳо сабт кардаанд, ки пеш аз марг дар мошин якбора се мусофир қарор доштааст.

Эҳтимол дорад, ки дар мошин миёни мардон муноқиша рух дода, баъдан ба куштор сабаб шудааст. Тафтишоти мақомоти ҳифзи ҳукуқи Русия дар ин бора идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *