Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия бо Николай Журавлев
Ба иттилои АМИТ «Ховар» сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини раиси Шурои Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев мулоқот анҷом додааст.
Ба навиштаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин мулоқот рӯзи 4- уми декабр ба анҷом расидааст. Ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаҳои “чаҳорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои минтақавӣ”-ро баррасӣ намуданд.
Инчунин дар масъалаи муҳоҷират ва тағйироти охирин ба қонунгузории Русия ҳам гутугӯ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ