Нахустин пирӯзии футболбозони тоҷик дар Ҷоми Ҷаҳон

Дастаи мунтахаби футболбозони 17-солаи Тоҷикистон дар бозии аввалин дар бозиҳои “Ҷоми Ҷаҳон-Бразилия-2019” бар дастаи мунтахаби Камерун, қаҳрамони қораи Африқо бо ҳисоби 1 бар сифр ғалаба кард.

Голи ягонаро дар қисмати дуюми бозӣ Шарифбек Раҳматов аз тариқи зарбаи ҷаримавии 11-метра зад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон танҳо дастест дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ, ки ба бозиҳои финалии Ҷоми Ҷаҳон миёни футболбозони 17-сола дар Бразилия роҳ ёфт.

Бозии дигар дар гурӯҳи Е миёни дастаҳои дастаҳои Аргентина ва Испания бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ пас аз як бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *