Ҷасади Абубакр Бағдодӣ дар баҳр «дафн» шуд

Ҷасади раҳбари гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» Абубакр Бағдодиро, ки рӯзи шанбе дар натиҷаи як амалиёт дар Сурия кушта шуд, дар баҳр «дафн» карданд. Дар ин бора CNN бо истинод ба ду намояндаи Пентагон хабар дод.

Мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О’Брайен рӯзи якшанбе дар суҳбат бо телевизиони NBC гуфт, ҷасади Бағдодӣ ба монанди ҷасади Усома ибни Лодин дар баҳр «дафн» мешавад. Ин усули дафн ба хотири он интихоб шудааст, ки қабри террористон ба зиёратгоҳ табдил наёбад.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе ваъда дод, ки видеои амалиёти махсусеро расонаӣ хоҳад кард, ки дар натиҷаи он раҳбари ДИ кушта шудааст. Трамп дар Твиттер акси сагеро нашр кард, ки дар амалиёти мазкур иштирок дошт.

Рӯзи душанбе чандин ҷузъиёти дигари ин амалиёт ифшо шуд. Аз ҷумла, хабарчини Нерӯҳои демократии Сурия тавонистааст, порчаи либос ва намунаи хуни Бағдодиро бигирад, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунанд.

Ба гуфтаи раиси кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои ИМА Марк Миллӣ, дар ҷараёни амалиёт ду нафар зинда дастгир шудаанд. Вале шахсияти онҳо ифшо намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *