Агенти

Нисбати мудири кӯдакистон ва корманди бонк парванда боз шуд

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз дастгир шудани ду нафар хабар дод, ки бо роҳи сохтакорӣ маблағҳои калонро аз худ кардаанд.

Аз онҳо Мадинаҷон Раупова ва Маликхуҷа Раҳимбоев ном бурда шудааст.

Гуфта мешавад, ки Мадинаҷон Раупова, мудири кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд бо маслиҳати пешакӣ бо Маликхуҷа Раҳимбоев, мутахассиси қарзии бонки «Имон интернешнл» “бо сӯиистифодаи ваколат бархилофи дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон амал намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ба ному насаби 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона маблағи умумии 161 050 доллар ва 727 500 сомонӣ қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд.

Аммо дар ин бора назари худи онҳо маълум нест.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки номбурдагон маблағи зикршударо тасарруф кардаанд ва ба манфиатҳои худ сарф кардаанд, ки дар натиҷа бонк зарари моддии махсусан калон расонидаанд.

Нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *