Карон

Дар Дарвоз осорхона бунёд мешавад

Масъулини Вазорати фарҳанг ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бунёди осорхона ва пойгоҳи таърихиро дар шаҳри қадимаи Карони Дарвоз ба миён гузоштанд.

Гуфта мешавад, ки бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла Мирзошариф Абдусаломов, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — академик Юсуфшоҳ Яъқубов, Фирӯз Шоинбеков, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, мутахассисони шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ҷаласаи корӣ баргузор шудааст.

13.03.2023.2

Ҳадаф аз ин ҷамъомад таҳлил ва муҳокимаи лоиҳаи «Бунёди Осорхона ва пойгоҳи бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгории таърихии шаҳри қадимаи Карони ноҳияи Дарвоз” будааст.

 Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҷойдошта, пешниҳоди коршиносон, талаботҳои мавҷудаи ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *