Оё Фарзонаи Хуршед ҳомиладор аст?
Сарояндаи машҳури Тоҷикистон Фарзонаи Хуршед аксеро нашр кардааст, ки аз ҳомиладор буданаш дарак медиҳад
Духтари хурдии приммадонаи тоҷик – Сурайё Қосимова – Фарзонаи Хуршед чашм интизори фарзанди сеюм аст.
Акси ҳомиладории худро сароянда дар саҳифааш дар Instaqram дар нашр кардааст.

Бо ин хабари хуш сарояндаро гурӯҳи серҳамванди showbusiness.tj дар Instagram муборакбод гуфтааст.
“Муборак шавад. Дар соли 2022 беҳтарин навгонӣ дар оилаи шумо”, – навишта шудааст дар шарҳи акси Фарзонаи Хуршед.
Ногуфта намонад, ки Фарзонаи Хуршед соҳиби ду фарзанд – як писару як духтар мебошад. Номи духтараш Закия ва писараш Муҳаммад аст.
Ин фарзандони ӯ ва ҳамсари собиқи Фарзона сарояндаи эстрадаи тоҷик Фаридуни Хуршед мебошад.

Фаридуни Хуршед соли 2019 баъди ҷудо шудан аз Фарзона, бори севум издивоҷ карда буд.
Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест. Фаридуни Хуршед аз издивоҷи сеюмаш соҳиби як писар аст.
Фарзона пас аз ҷудо шудан аз Фаридун дар барномаи шабакаи «Пешсаф» аз ишқи нави худ қисса кард ва ҳатто акси ҳамсафари навашро ба муҷрии барнома нишон дод.
“Марди воқеъӣ – шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст”,- гуфта буд Фарзона.
Вале хабари хонадор шудани Фарзонаи Хуршед расонаӣ нашудааст ва агар интизори фарзанд будани сароянда дақиқ бошад, исми падари тифл маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ