Раиси диаспораи тоҷикони Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд

Идораи Хадамоти федералии амнияти Русия дар вилояти Перми ин кишвар аз ихроҷи “як зодаи Осиёи Марказӣ” бо гумони “содир кардани амалҳое, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд”, хабар додааст.

Ниҳоди мазукур гуфтааст, ки ӯро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва вурудашро ба қаламрави ин кишвар то 50 сол манъ кардаанд.   

Ҳарчанд ниҳоди  номбурда дар иттилоияи  худ дар мавриди нафари ихроҷшуда иттилои бештаре надодааст, вале нашрияи “Коммерсант” рӯзи 30-юми декабр навиштааст, ки ин фард Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар вилояти Перми Русия ва зодаи Тоҷикистон аст.

Назари худи Одинаев дар робита ба ин қазия маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *