Сабукӣ ба донишҷӯёни тоҷик: Пешакӣ имтиҳон супорида, баъд ба хизмат раванд

Тоҷикистон тасмим гирифт барои донишҷӯёне, ки мехоҳанд ба артиш бипайванданд, супоридани имтиҳонотро пеш аз муҳлат иҷозат диҳад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии касбии Суғд дар бораи супоридани имтиҳонҳои пеш аз муҳлат ба донишҷӯёне, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, иҷоза додааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм дар мактуб гуфтааст, ки тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати пеш аз муҳлат гузаронидани имтиҳонҳои ҷорӣ ва аттестатсияи ҳатми донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷум, ки хоҳиши дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат карданро доранд, розигӣ медиҳад.

Бино ба мактуби вазир, ки ба унвонии ректорони муассисаҳои олии касбии вилояти Суғд ироа гардидааст, гуфта мешавад, ки ин муқаррарот дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол масъулони Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тартиби баргузории имтиҳони пеш аз муҳлатро муқаррар намудаанд.

Зайниддин Насриддинов, муовини ректори Донишкада тавзеҳ додааст, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа имтиҳони давлатӣ ва рӯзи шанбе ҳимояи рисолаҳои дипломӣ баргузор карда мешаванд.

“Он донишҷӯёне ба раванди кори комиссияҳои хатм роҳ дода мешаванд, ки уҳдадориҳои нақшаи таълимро пурра иҷро карда, дар даст лоиҳаи рисолаҳои дипломӣ доранд”,- гуфтааст Насриддинов.

Ин масъули донишкада ҳамчунин зикр кардааст, ки барои роҳ ёфтан ба раванди кори комиссияи хатм, мактуб аз ҳукумати шаҳру ноҳияҳо бо зикри ному насаби донишҷӯи хоҳишманд ва бо замимаи аризаи розигӣ талаб мешавад.

Зимнан дигар донишгоҳҳои Суғд низ рӯзҳои баргузории имтиҳонҳоро барои донишҷӯёне, ки қабл аз муҳлат донишгоҳро хатм намуда, хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, мураттаб намудаанд.

Бино ба итилои Вазорати дифои кишвар, нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ 50 фисад ва дар вилояти Суғд 40 фоиз иҷро шудааст, ки камтарин дар сатҳи кишвар аст.

Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021 қонунеро имзо кард, ки бар асоси он хизмати пулакӣ ҷорӣ шуд ва ҳамчунин хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он ду моҳ идома мекунад.

Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *