Садамаи фоҷиабор дар Русия. Се шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд
Субҳи 23 июл дар вилояти Уляновски Русиядар натиҷаи як садамаи маргбори нақлиётӣ се шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.
Микроавтобуси мусофиркаш ба мошини боркаши КамАЗ, ки дар канори роҳ қарор дошт, бархӯрдааст.
Ин ҳодиса дар километри 254-уми шоҳроҳи М-5 “Урал”, дар наздикии шаҳраки Тереенгул рух дода, ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар натиҷаи он шаш нафар маҷруҳ ва се тан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
КҲФ маълумот дар бораи фавтидагонро нашр кардааст:
♦️Мардонов А.С., соли таваллудаш 1993;
♦️Карамхудоев Н.Қ., соли таваллудаш 1997;
♦️Саидов А.С., соли таваллудаш 1991.
Прокуратураи ноҳияи Тереенгулск таҳқиқи ин садамаро оғоз кардааст. Сабабҳои дақиқи рух додани фоҷиа ҳанӯз расман шарҳ дода нашудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ