Сохтмони иншооти муосир дар бозори сӯхтаи Бохтар
Маъмурияти ҶДММ “Фаровон — Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар ба корҳои барқарорсозии қисмати сӯхтаи бозор шуруъ карданд. Ба хотири тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ 300 сохтмончӣ ва 20 техникаи зарурӣ ҷалб шудааст.
Ҳайдар Шерхонзода, сардори ҶДММ “Фаровон — Қӯрғонтеппа” дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “талош дорем то ҷашни Ваҳдати миллӣ растаҳои сӯхтаи фурӯшандаҳои бозор сохта шаванд”.
— Барои пӯшонидани болои растаҳои савдо баъзан маҳсулотро аз собиқ Маркази савдои Султони Кабири шаҳри Душанбе меорем,-афзуд вай.
Ҳамчунин, дар дохили бозор бунёди ду бинои баландошёна барои соҳибкорон шуруъ мешавад.
“Дар таҳхонаи бозор ҳавзҳои обғундорӣ низ ташкил мешаванд. Хароҷоти корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маъмурияти ҶДММ “Фаровон — Қӯрғонтеппа аст. Барои соҳибкорону фурӯшандаҳои бозор шароити хуб муҳайё карда мешавад”,- афзуд ҳамсуҳбатамон.
Сӯхтор дар ҶДММ “Фаровон — Қӯрғонтепа”-и шаҳри Бохтар шаби 1-уми июли соли равон сар зад. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои сӯхтор сабаби асосии оташ гирифтани бозорро пайвасти ноқилҳои барқӣ ва кабелҳои барқии ҶДММ “Ганҷина-3” мегӯянд. Зарар аз сӯхтор бошад, 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҳисобида шудааст.
Ҳамчунин, дар оташсӯзии шаби 1-уми июн 90 дарсади бадани соҳибкор Маҳмад Сафаров сӯхта буд, ки баъдан дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар вафот кард.
Машраби АЛОВИДДИН
Шарҳ