Сурия расман Наврӯзро таҷлил мекунад
Дар Сурия 21-уми март расман рӯзи таътил эълон гардид. Аҳмад ал –Шаръ, раисҷумҳури муваққатии Сурия бо як фармон Наврӯзро “Таътили миллӣ ” ва бо пардохти маош дар саросари Сурия ва намоди баҳору бародарӣ эълон кард.
Ин фармон табъизи қавмӣ ва забониро мамнуъ карда, ба нафароне, ки аз ин фармон сарпечӣ мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст.
Фармони мазкур ҳуқуқи курдҳои Сурияро таид ва забони онҳоро ба расмият мешиносад. Пас аз ба расмият шинохтани забони курдҳо ва эътирофи расмии ин қавм, барои аввалин бор пас аз ҷанги дохилӣ дар ин кишвари арабӣ нерӯҳои ҳоким бар Димишқ вориди минтақаи курднишин шуданд.
Наврӯз ҷашни бостонӣ оғози соли нав, намоди таваллуди дубораи табиат аст, ки дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ҷашн гирифта мешвад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ