Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Мизоҷони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон доранд, ки маблағи тарофаи мобилии худро барои чанд моҳи минбаъда пардохт карда, муддати тӯлонӣ умуман дар фикри пуркунии тавозун набошанд ва озодона ҳамаи хизматрасониҳои телекоммуникатсиониро ба кор баранд. Ба ғайр аз ин, ҳангоми пардохти маблағи тарофа барои 3, 6 ё 9 моҳ муштариён бонусҳои гуворо ба даст меоранд.
Ба таври яклухт метавон маблағи тарофаи “Биё! Бисоз 2.0”-ро пардохт намуд. Ин тарзи амал на танҳо барои фаромӯш кардани зарурати пуркунии тавозун дар чанд моҳи минбаъда бо назорати пурраи хароҷоти алоқа имкон фароҳам меорад. Тарофаҳои пешпардохтӣ инчунин имкон медиҳанд, ки трафики иловагии интернет ба даст оварда шавад.
Агар нархи тарофа аз 50 то 100 сомонӣ бошад, муштарӣ маблағро барои се моҳи минбаъда месупорад ва ҳармоҳа интернетро дар ҳаҷми 10 гигабайт ба даст меорад. Агар нархи тарофа 100 сомонӣ ва аз он зиёд бошад, ба муштарӣ се моҳ паиҳам 20 Гб интернет пешниҳод карда мешавад.
Ҳаҷми бештари интернетро метавон ҳангоми мӯҳлати нисбатан давомдори пешпардохт ба даст овард. Агар маблағи тарофаи “Биё! Бисоз 2.0”-ро барои ним сол пардохт намоед, трафики бонусӣ 40 Гб-ро дар як моҳ ташкил хоҳад дод. Ҳангоми пешпардохт барои 9 моҳ бошад, ин ҳаҷм то 60 Гб/моҳ мерасад. Ҳаҷми зиёдшудаи интернет имкон медиҳад, ки паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар онлайн-хизматрасониҳо ба таври қулайтар истифода карда шаванд.
Боз як ҷиҳати дилписанд он аст, ки муштариёне, ки маблағи тарофаро барои 6 ё 9 моҳ пардохт мекунанд, ҳуқуқ доранд, рақами қиматбаҳои иборат аз маҷмӯи зебо ва зуд дар хотир ҳифзшавандаи ададҳоро ройгон ба даст оваранд. Категорияи рақами интихобшуда дар асоси мӯҳлати пешпардохт муайян карда мешавад.
Пайвасткунии тарофаҳои пешпардохтӣ танҳо дар идораҳои хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон” дастрас аст. Мутахассисони ширкат дар интихоби бастаи муносиби хизматрасониҳо бо назардошти талаботи махсуси ҳар як мизоҷ кӯмак мерасонанд.
Тарофаи пешпардохтӣ – ин қулай ва муфид аст, махсусан барои истифодабарандагони интернет!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ