Таъиноти кадрӣ дар Хатлон: Мустафои Ватан сардори нави Раёсати фарҳанг

Дирӯз, 11-уми июл дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими муаррифии сардори нави Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ дар ҷамъомади аҳли фарҳанги вилоят қайд кардааст, ки ҳунарпешаи ҷавон Мустафои Ватан бо қарори раиси вилояти Хатлон ба вазифаи сардори Раёсати фарҳанг таъин шудааст.

Мустафои Ватан дар ин мақом Рамазон Насриддинзодаро, ки чанде пеш сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон таъин гардид, иваз намуд.

Мустафои Ватан то имрӯз роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *