Шаҳри Душанбе: Консерт ройгону маҳсулот арзон

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои истироҳат намоиш ва фурӯши маҳсулоти арзон ва пешниҳоди консерти ройгон аз ҷониби ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Ҳамчунин, шаҳру ноҳияҳо ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии худро ба сокинони пойтахт намоиш медиҳанд.

Дар назар аст, ки 15-уми июл дар чанде аз боғҳои шаҳри Душанбе ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ доир гардад. Кишоварзони шаҳри Панҷакент маҳсулоти худро дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Хайём ба намоиш мегузоранд. Дар Боғи фарҳангиву фароғатии кӯдакон сокинони пойтахт метавонанд аз ноҳияи Ашт маҳсулоти кишоварзиро харидорӣ кунанд. Дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Куруши Кабир» бошад, ярмаркаи маҳсулоти кишоварзони Норак баргузор мешавад.

Нархи маҳсулот дар ярмарка:

— картошка — аз 4 то 4,50 сомонӣ;

— пиёз — 1,80 — 2 сомонӣ;

— сабзӣ — 3 сомонӣ;

— дигар сабзавот — аз 3 то 5 сомонӣ;

— гӯшти гов — 55 сомонӣ;

— қуттии тухм (30 дона) — 22-27 сомонӣ;

— мева — аз 2 то 5 сомонӣ;

— тарбуз (як дона) — 10-12 сомонӣ;

— равған (5 литр) — 65 сомонӣ;

— орд (50 кг) — 210 сомонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *