Таъмири роҳҳои мошингард дар Кӯшониён

Давоми соли равон дар ноҳияи Кӯшониён беш аз 130 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ карда шудааст. Боқимонда роҳҳо ҳам таъмир карда хоҳанд шуд.

Ҷовид Ҳакимзода, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар умум дар ноҳия 230 километр роҳҳои мошингард мавҷуд аст. Ӯ мегўяд, ки то ҳол беш аз 130 километр роҳ таъмир шудааст.

— Имсол дар буҷети маҳаллӣ барои беҳтар кардани ҳолати роҳҳои мошингард 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Боқимонда маблағ ҳам барои таъмири роҳҳо ҷудо мешавад. Солҳои пеш дар буҷети маҳаллӣ маблағ кам пешбинӣ карда мешуд. Аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар бошад, 105 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд. Боз давоми сол наздики 180 ҳазор сомонии дигар ҷудо мешавад,- афзуд ӯ.

Ҷовид Ҳакмизода гуфт, ки соҳибкорон ҳам дар таъмири роҳҳои мошингард саҳми хуб мегузоранд: “Имрӯз бо саҳми соҳибкори ҳимматбаланди ватанӣ дар дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод 650 метр роҳ бо асфалти гарм пурра мумфарш карда шуд. Каму беш дар ин мумфаршкунӣ 600 ҳазор сомонӣ масраф шудааст”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *