1200 сомонӣ ҷаримаи корманди роҳ дар Ҷайҳун

Барои бесифат таъмир кардани роҳи мошингард як корманди Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун ҷарима карда шудааст. Ба масъулини ҳамин идора дар Левакант барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дода шудааст.

Исмоил Шафизода, сардори Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтари вилояти Хатлон гуфт, ки як корманди Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун 1 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Ӯ мегӯяд, ки ин корманд барои ба талабот ҷавобгӯ таъмири ҷорӣ накардани роҳи мошингард ҷарима шудааст: “Корманди роҳ, яъне устои роҳ мегӯянд, нисбати ҳамон мо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додем. Нисбати дигар муассисаҳои зикршудае, ки чунин камбудиҳо ҳаст, масалан Муассисаи давлатии идораи роҳҳои мошингарди шаҳри Левакант мо огоҳнома додаем. Муҳлат доранд”.

Шарифҷон Сайҷонов, сардори Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун аз суҳбат дар ин мавзуъ худдорӣ кард. Аммо, дар ҳамин ҳол, Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун дар нишасти хабарии хеш иддао кард, ки “инҷо айби идораи роҳ нест. Инҷо асосан айби худи ҳамон идораи назорату танзим дар роҳҳо аст, ки худаш назорат намекунад. Прокуратураи ноҳия як мошинро қапид, 70 тонна. Бинед чӣ қадар вазни зиёдатӣ бор карда будааст”.

Ӯ афзуд, ки “мо дар ин масъала кор карда истодаем ва ислоҳ мешавад”.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.