Агар номатон дар рӯйхати сиёҳ нест, ба Русия рафта метавонед!

Алексей Егоров, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 27 декабр дар нишасти хабарӣ  дар посух ба суоли хабарнигори ТАСС иттило дод, ки ба 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели бок адом як  қонуншикании хурд аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум карда шуда буданд,   дигарбора ҳаққи сафар ба Русия дода шуд.

“Дар чорчӯби як қатор созишномаҳои моҳи сентябри соли 2021 имзошуда ба истилоҳ афв ё амнистияи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели қонуншиканиҳои хурду реза аз ҳаққи сафар ба қаламрави Русия маҳрум шуда буданд, гузаронда шуд. Дар ҷараёни он 20 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтанд “, – хабар додааст Егоров.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамаи ин 120 ҳазор нафар иҷозати сафар ба Русия дода шудааст ва шаҳрвандон метавонанд будан  набудани исми худ дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия дар сомонаи сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия пеш аз азми сафар тафтиш кунанд.

ДИҚҚАТ!

Барои тафтиши номи худ, ки оё таҳти “запрет” барои сафар ба Русия қарор доред ё на, ба ин суроға бидароед ва ному насаб ва дигар маълумоти худро бинависед:

http://xn--b1afk4ade4e.xn--b1ab2a0a.xn--b1aew.xn--p1ai/info-service.htm?sid=3000

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорати Русия маҳз пиромуни ҳамин масъала муроҷиат мекунанд, гуфт, Алексей Егоров

Шаҳрвандони тоҷике, ки чанд сол пеш ба рӯйхатҳои сиёҳи Русия афтода ба сабаби “запрет” ба он кишвар сафар карда наметавонистанд, шумораашон аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир мавҷи ихроҷҳо аз Русия зоҳиран камтар шуд, вале афви 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик нишон медиҳад, ки шумори афроди таҳти “запрет” хеле зиёд будааст.

Барои Тоҷикистон, ки як кишвари муҳоҷирфирист ва вобастаи пули муҳоҷиронаш аст ва рӯзгори аксари хонаводаҳо аз ҳисоби пули фиристодаи азизони муҳоҷирашон мечархад,  таҳти “запрет” афтодан ва аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷири тоҷик ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *